ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Қимтаи ҳарсе асъори маъмули хориҷӣ дар Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ-сомонӣ каҳиш ёфтааст.
Бар асоси нишондоди Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 128,2 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 129,1 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам поин шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.2755 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,2255 сомонӣ қимат дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон барои доллар сангин тамом мешавад. Асъори амрикоӣ ин муддат якбора 15 сомонӣ коҳиш ёфт, ки нишондоди боло аст.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ каме поин рафта, ҳар евро 11,6162 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,6264 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари гуфтушунидҳои Русия ва ИМА дар бораи анҷоми низоъи Украина, рубл нисбат ба доллар якбора боло рафт, ки ин ба сомонӣ низ таъсир кард.
Асъори русӣ даҳаи сеюми апрел ба нишондодҳои соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 135,5 сомонӣ баробар гардида буд.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.