ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар соли 2024 беш аз 9 ҳазор тасдиқномаҳо (сертификат)-и муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи донистани забони русӣ бекор карда шуд.
Дар ин бора раиси Рособрнадзор Анзор Музаев дар Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург хабар дод.
Ба иттилои вай, пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ шумораи чунин қонуншиканиҳо 3 баробар коҳиш ёфт.
"Теъдоди қонуншиканиҳое, ки Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кардааст, тақрибан се баробар коҳиш ёфтааст. Сухан дар бораи тасдиқномаҳои бекоршуда меравад ва асосан ин ҳама ҳуҷҷатҳои кӯҳнаи додашуда мебошанд, ки то ворид шудани тағйирот эътибор доштанд", - гуфт ӯ.
Музаев ёдовар шуд, ки ҳоло дар Русия 203 марказ воқеӣ вуҷуд джорад, ки дар он метавон имтиҳони забони русӣ супорид.
"Инҳо ҳама муассисаҳои федералӣ ё филиалҳо ҳастанд, инҳо сохторҳои давлатӣ мебошанд, онҳо ба сохторҳои тиҷоратӣ ҳеҷ рабте надоранд", - гуфт ӯ.
Моҳи ноябри соли 2024 президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ташкил ва баргузории имтиҳони забони русиро барои шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби шахсони сеюм манъ мекунад.
Шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия танҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ дода мешавад.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки дар Русия қонуне вуҷуд дорад, ки фарогирии фарзандони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои русӣ манъ мешавад.
Қабули фарзандони муҳоҷирон ба таҳсил дар барномаҳои таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳон дар бораи донистани забони русӣ имконпазир аст.