ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Вазорати энергетика вазихаираҳои оби Тоҷикистон эълон кардааст, ки аввалин чархаи НБО “Себзор” дар моҳи июни соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ин вазорат хабар додааст, ки ахиран вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.
Қайд карда шудааст, ки зимни боздид вазир бо муҳандисон ва масъулони лоиҳа суҳбат намуда, ҷараёни татбиқи корҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.
“То имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расида, ҷиҳати ба истифода супоридани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 МВт дар моҳи июни соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”, - қайд кардааст вазорат.
Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.
Бояд қад кард, ки иншооти мазкур на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, балки имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш хоҳад дод.