ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Тоҷикистон аз Бонки Исломии Рушд хостори сармоягузории бештар шуд.
Ин масъала дар дидори роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо, ки дар алжир доир шуд, баррасӣ гардид.
Завқизода Завқӣ дар суҳбат бо Адииб Яҳё аз равобити наздики кишвар бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла бо ITFC, дар солҳои охир гуфтааст.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ҷараёни иҷрои Созишномаи чорчӯбаи маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими татбиқи самараноки онҳо таъкид намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки созишномаи мазкур соли 2023 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расида, ҷалби маблағузрии 100 млн. долларро ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар пешбинӣ менамояд.
“Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки маблағгузорӣ ба самтҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, нассоҷӣ ва рушди инфрасохтор зиёд карда шаванд”,- афзудааст манбаъ.
Дар посух роҳбарияти ITFC ҷонибдории худро аз самтҳои пешниҳодшуда иброз дошта, омодагии ниҳодро барои таҳияи роҳҳои мушаххаси маблағгузорӣ таъкид кард.
Тибқи гузориши вазорат сар аз соли 2008 инҷониб, ITFC ба иқтисоди миллии кишвар зиёда аз 210 миллион доллар маблағгузории тиҷоратиро равона намудааст.
Таъкид мешавад, ки вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи БИР бо дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.