Сафари муовини амниятӣ ва интизомии Эрон ба Тоҷикистон

Флаги Ирана и Таджикистана
Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ба манзури баргузарии сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомӣ, ворид Тоҷикистон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Маркази итилорасонии вазорати кишвари Эрон хабар додааст, ки Алиакбар Пурҷамшедиён, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ба манзури баргузарии сеюмин коргурӯҳи амниятӣ ва интизомии муштараки Эрону Тоҷикистон, вориди шаҳри Душанбе шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНА”.
Встреча с заместителем министра безопасности и дисциплины МВД Ирана Алиакбаром Пурджамшедиёном
Пурҷашедиён дар бадви вуруд, тавассути Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистони мавриди истиқболи расмӣ қарор гирифт.

Дар ин сафар, қарор аст Пурҷамшедиён бо вазири умури дохилӣ ва дигар мақомоти аршади амниятӣ ва интизомии Тоҷикистони дидор ва гуфтугӯ кунад.
Ҳамчунин, сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомии байни Эрону Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои амниятӣ ва интизомӣ баргузор хоҳад шуд.
Порт Чабахар
Тоҷикистон ба зудӣ дар бандари "Чобаҳор"-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Ин нишаст тахассусӣ, гоме дигар дар ростои таҳкими равобити амниятӣ ва интизомии ду кишвару табодули таҷрибиёт дар заминаи муқобила бо чолишҳои муштарак ба шумор меравад.