ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Маълум гардид, ки бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Спитамен ба коми оташ рафтааст.
Рухдоди ин ҳолатро дар Идораи сӯхторнишонии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ бар асари сӯхтор дар ҶДММ “Бунёдкори Нов” беш аз 250 метри мураббаъ саҳну атрофи бозор сӯхта хокистар гаштааст.
“Ҳодиса тақрибан соатҳои 17:30 дақиқа дар растаи фурӯши чубу тахта дар бозори ноҳияи Спитамен рух додааст” – гуфт, манбаъ.
Бино ба иттилоъи манбаъ барои хомӯш намудани алангаи оташ сӯхторнишонҳо аз шаҳру ноҳияҳои атрофи ноҳияи Спитамен даъват карда шудаанд.
Зимнан мақомот сабаби рухдоди сӯхтор ва хисороти расида аз ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Таҳқиқи ин ҳодиса ба зимаи мақомоти милитсия вогузор шудааст.
Бар пояи иттилои мақомоти умури дохилӣ шоми дирӯз ду ҳодисаи сӯхтори дигар дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он оғилхона ва ошхонаи сокинон зарар дидааст.
Ҳамасола бар асари ҳодисаҳои сӯхтор даҳҳо иншоот дар Тоҷикистон ба комиоташ рафта ва зарари он марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.