ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тайи солҳои охир Тоҷикистон дар самти масъулияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ҷилавгирӣ аз густариши терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол кардааст.
Дар ин бора Файзалӣ Идизода, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД дар Бишкек изҳор дошт.
"Дар чанд соли охир кишвари мо дар самти масъулияти ин созмон мавқеи махсусро ишғол намуда, ҳамчун садди боэътимод дар роҳи паҳншавии терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баромад мекунад", - гуфт ӯ.
Ба таъкиди Идизода, АП СПАД ҳамчун як ҳалқаи муҳими ҳамоҳангсоз дар эҷоди ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқии ташаккули низоми амнияти дастаҷамъӣ баромад мекунад.
Ӯ афзуд, Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз имконоти Ассамблея ба манфиати таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона истифода кунад.
"Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи равобити низомию сиёсӣ, ҳамчунин ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодӣ манфиатдор аст. Мо такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии вазорату хадамотҳои дахлдори кишварамонро ҷанбаи хеле муҳим мешуморем", - таъкид кард Идизода.
Вай қайд кард, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар доираи СПАД дар пешрафти амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки ба таъмини ҳаёти амн ва осоиштаи мардуми кишварҳои ин созмон равона шудаанд, идома диҳад.
Тоҷикистон ва СПАД
Моҳи ноябри соли 2024 дар Остона Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кард.
Қаблан Имоналӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД хабар дода буд, ки иҷрои ин барнома, ки барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, аз соли 2025 оғоз мешавад ва ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома тадбирҳои мушаххас барои таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон тӯлонитарин марз дорад - 1344 километр - ва мустақиман бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он ҳаммарз аст, ки ҳамеша омодагиро тақозо мекунад.