Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дабири кулли СПАД: Созиши Душанбеву Бишкек ба субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад

Имоналӣ Тасмағамбетов имзои созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро як ҳодисаи мусбат барои минтақа арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Созишномаҳо дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба субот дар минтақа мусоидат мекунанд.
Дар ин бора Имоналӣ Тасмағамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД дар Бишкек изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин таҳаввулоти мусбат дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
"Имзо шудани созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13 март хеле муҳим аст", - гуфт Тасмағамбетов.
Вай қайд кард, ки “ба шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар хатти сарҳади давлатӣ дар тамоми тӯли тақрибан ҳазор километри он мувофиқа карда шуд”.
Ёдовар мешавем, ки нимаи моҳи март раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек сафар карда, дар ҷараёни он бо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон созишномаи таърихӣ дар бораи марзи давлатиро имзо карда буд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Давраи нав: Созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Зимнан, садҳо километр хатти тамос солҳои зиёд муайян ва аломатгузорӣ нашуда буд.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад - ҷонибҳо дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба тавофуқ нарасиданд. Дар манотиқи аҳолинишин бошад, пайваста нофаҳмиҳо сар мезад, ки он дар пай бархӯрди низомӣ низ дошт.