ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Екатеринбург наҷот дод, зодаи Тоҷикистон будааст.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъйид кард.
Ба иттилои манбаъ, Сайвалӣ Шарифов 14 май, соатҳои тахминан 19:12 ҳангоми харидории доруҳо аз нуқтаи фуруши доруворӣ садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида ба кӯмаки ӯ мешитобад.
"Шарифов ҳангоми наздик шудан ба ҷойи ҳодиса тавассути тиреза ба хона ворид гардида, тифли дар атрофи оташбударо наҷот медиҳад, ки ӯ бо садои хаста ба қаҳрамони мо муроҷиат мекунад, ки “додарам низ дар онҷост”,- афзудааст манбаъ.
Маротибаи дуввум марди тоҷик ба даруни оташи гарму сӯхтори шадид ворид гардида, даруни хонаҳои оташгирифтаро ҷустуҷу намуда, кӯдаки хӯрдсол, ки аз гармии оташ ва дуди он беҳолат шуда буд, аз марг наҷот медиҳад.
Одамон ва ҳамсоягон бори дигар ба Сайвалӣ муроҷиат карда мегӯянд, ки навраси дигаре низ дар дохили биност.
"Ӯ аз дуд ва оташи сӯзон тоб наоварда, аз тирезаи хона калаи худро берун намуда, нафаси тоза гирифта, маротибаи сеюм вориди оташи сӯзон мегардад, хушбахтона бо далерию шуҷоат ва истифодаи дурусти айёниятҳои дохилибино тифли саввуминро наҷот дода, ҳангоми гузариши оташ ба хонаи дигар аз даруни оташ берун мешавад",- гуфтааст манбаъ.
Намояндагии Вазорати меҳнат ҷасорати муҳоҷири меҳнатии тоҷикро шоистаи таҳсин ва мояи ифтихори инсоният хонда, таъкид намудааст, ки новобаста аз хатар ба ҷони худ ӯ ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод.
Ӯ зимни суҳбат ба масъулини намояндагии вазорат гуфтааст, ки ки солҳост дар ноҳияе, ки ҳодиса рух дод зиндагӣ мекунанду ҳама ӯро мешиносанд ва коре, ки анҷом дод, онро барои худ қарз медонад, чун ҳар касе юа ҷойи ӯ буд, чунин рафтор мекард.
"Падарам ба ман гуфта буд: "Қарзи ҳар як тоҷик некӣ кардан, нишон додани шуҷоат ва мардонагӣ аст", - мегӯяд худи қаҳрамон.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати дар Русия ба кумак шитофтани муҳоҷирини тоҷик барои наҷоти афроде, ки дар хатар қарор гирифтаанд нест.