ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин масъала дар Душанбе дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин – Дуан Сяофенг баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар джодааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ – Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин - Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин - Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷоратии China Southern Air Holding Company Ltd – Хуан Гофан, ҳузур доштанд.
Агентӣ қайд кардааст, ки дар вохурии мазкур масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе ва Душанбе – Сиян –Душанбе ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардидааст, ки баргузории чунин вохуриҳо ҷиҳати рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.
Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар оянда низ бо намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вохуриҳои судмандро ба нақша гирифтааст.