Дар ҳудудҳои забтшудаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар давоми тамоми солҳо то озодшавӣ ҳаракатҳои партизанӣ ва пинҳонкорӣ амал мекарданд.
Дар минтақаҳои дур аз амалиёти низомӣ сокинон силоҳ, маҳсулоти нафтӣ, пулод, хӯрокворӣ, либос ва ғайраро истеҳсол мекарданд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Шӯравии Точикистон ба яке аз марказхои тахлия табдил ёфт: дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ зиёда аз 20 беморхонаи тахлияшуда кор мекард.
Дар ҷумҳурӣ назджик ба 100 хазор нафар, аз ҷумла қариб 10 ҳазор нафар кӯдакон паноҳ бурданд.
Ҷумҳурии Точикистон ба ҷанг озуқа, сару либос, лавозимоти низомӣ ва ғайра равон кард.
Шумораи умумии одамоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷанг рафтаанд, бештар аз 34 миллион нафарро ташкил дод. Талафоти умумии зиёда аз 26 миллион нафарро ташкил дод.
Мувофиқи маълумотҳои бойгонии Ҳизби Коммунистии ҷумҳурӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кариб 290 хазор нафар сарбозону офсарони кишвар итирок доштанд. Ҳамчунин бештар аз 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ кор мекарданд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба ватан барнагаштаанд. Зиёда аз 56 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ бо медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Гузашта аз ин, ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.