Гузашти низомӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пойтахти Русия шаҳри Маскав чун анъана рӯзи 9-уми май дар майдони Сурх баргузор шуд.
Қариб тамоми роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили 80-умин солгарди рӯзи Ғалаба ба Маскав омаданд.
Дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро аз минбар дар Майдони Сурх қариб ҳамаи роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ назорат мекунанд.
Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Беларус Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳузур доштанд.
Инчунин дар гузашти низомии имсола раҳбарони Чин, Бразили, Куба, Венесуэла, Сербия ва ғайра дар майдони Сурх иштирок намуданд.
Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намояндагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Кореяи Шимолӣ ва ғайра иштирок карданд.
Дар миёни низомиён аз ҷумла иштирокдорони амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина қарор доранд.
Дар назар аст, Владимир Путин зимни он суханронӣ мекунад. Бар асоси барнома, дар назар аст, ки баъдан роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд.
Таъкид шудааст, ки гузашти низомӣ дар Маскав таҳти тадобири шадиди амниятӣ сурат мегирад.