Путин Раҳмонро бо Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт

Интизор меравад кишвардори Тоҷикистон низ дар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскав бевосита иштирок кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Владимир Путин, кишвардори Русия унвонии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матуботи Кремл хабар дод.
Манбаъ афзуд, Владимир Путин ҳамчунин ба дигар роҳбарони ИДМ номаи табрикӣ ирсол карда, ҳамзамон мардумони Гурҷистону Молдовро низ ба ин рӯз табрику таҳният гуфт.
"Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ, Исроил ва ҳамчунин ба мардуми Гурҷистон ва Молдова паёми шодбошӣ ирсол кард", - омадааст дар хабари Кремл.
Манбаъ тавзеҳ дод, кишвардори Русия дар номаи худ зикр намудааст, ки "хотираи корнамоиҳои пуршараф ва қурбониҳои бузурги падарону бобоёни мо, ки бар зидди истилогарони фашистӣ далерона ҷангидаанд ва дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, муқаддас аст".
Душанбе хотираи Ғалабаи бузургро ҳифз кардааст: Қаҳрамонони Ғалаба дар харита
Ӯ даъват намуд, ки бо вуҷуди ин қадар талошу ҷонфидоии наслҳои пеш бояд мероси гузоштаи онҳоро ҳифз кунем.
"Вазифаи мукаддаси мо эҳтиёткорона ҳифзи мероси насли пирӯзкорон аст. Аз ин рӯ, бепарвоёна рафъи кӯшишҳои тахрифи таърихи умумиамон, сафед кардан ё ба хотири фаромӯш кардани ваҳшигариҳои фашистон ва шарикони онҳо хеле муҳим аст", - зикр намуд президенти Русия.
Бояд гуфт, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар тантанаҳои идона бахшида ба 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунад.