ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Хабари эълони ҳукм алайҳи ин мансабдори собиқ баландмақоми шаҳри Конибодомро дар суд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз Суди вилояти Суғд, ҳукм алайҳи Абдусалом Тухтасунзода, рӯзи 30 – апрел зимни баргузории мурофияи судӣ дар шаҳри Конибодом содир шудааст.
“Суд парвандаро бо ду моддаи қонун 247 (қаллобӣ) ва 319 (гирифтани пора) баррасӣ намуда, нисбати Тухтасунзода А., дар умум 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ ҳукм содир намудааст” – гуфт, манбаъ.
Баррасии парвандаро Мусобекзода Т., муовини раиси суди шаҳри Конибодом ба итмом расонидааст.
Тухтасунзода Абдусалом, дар оғози соли ҷорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби раиси шаҳри Конибодом барканор гардида буд.
Ӯ, дар поёни моҳи феврал аз ҳудуди кишвари Ӯзбекистон боздошт гардида, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.
Оқои Тухтасунзода дар поёни соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Конибодом таъин гардида буд.
Ӯ, дар ин мансаби баланд беш аз чаҳор сол кор карда, 4 январи соли 2025 бино бар гузаштан ба кори дигар аз курсии раиси шаҳри Конибодом барканор шуд. Зимнан ба ҷойи ӯ, Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом таъйин шудааст.
Тухтасунзода то замони раиси шаҳр таъин шуданаш солҳои 2015 – 2020 дар вазифаи раиси кумитаи идораи замин дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи обоҷон Ғафуров кор кардааст.
Ифтитоҳи парванда ва маҳкум ба зиндон шудани раиси собиқи Конибодом ҳодисаи камназир нест. Дар гузашта ҳам чанде аз раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон баъди барканорӣ аз мансаб мавриди боздошт қарор гирифта ва муҷозот шудаанд.