ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Ҳамоиши ҷавонони волонтёр аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ гуфт.
Вазир хабар дод, ки новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 25 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонӣ то 153,4 млрд. сомонӣ ё 85 маротиба зиёд гардид.
Ба иттилои Завқӣ Завқизода маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 14,8 ҳазор сомонӣ ё 51 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонӣ то 147 млрд. сомонӣ ё 147 маротиба зиёд гардид.
Вазири рушди итисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 20,4% коҳиш ёфт.
Ҳамчунин зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати НБО “Роғун”, 3670 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 3076 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Вазири рушди қитисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кард, ки дар натиҷа ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Завқизода илова кард, ки Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо беш аз 110 кишвари ҷаҳон ба роҳ мондаааст.