ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) пешгӯӣ мешавад.
Ба гузориши Агентии ҳавосанҷии кишвар, рӯзҳои 8-10 май дар қаламрави Тоҷикистонтӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад, ки шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20 м/с дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолӣ ба вуҷуд меояд.
Гуфта мешавад, шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад.
"Дар аксари минтақаҳои кишвар консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад", - омадааст дар хабари Агентӣ.
Вобаста ба ин Агентии обуҳавошиносӣ чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо додааст. Аз ҷумла қайд кардааст, нафароне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.
Тавсияҳои дигари Агентӣ:
Бе зарурат аз хона набароед;
Ниқобҳои муҳофизатиро истифода намоед;ӯ
Фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд кунед;
Таҷҳизоти тозакунандаи ҳаворо истифода намоед;
Ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ фавран ба духтур муроҷиат намоед.