Давоми 20 соли охир 15 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки дар Тоҷикистон камшавии обҳои чашмасорони кӯҳистон ва аз байн рафтани қуллаҳои баланди кӯҳҳои барфпӯш мушоҳида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон машғуланд, бар он ҳастанд, ки давоми даҳсолаи охир масоҳати пиряхҳо сол аз сол хурд шуда, зиёда аз 30 фоизи масоҳати худро гум намудаанд ва бештар аз 1 ҳазор пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд.
Аз ҷумла пиряхҳои калони Тоҷикистон мамлакат, ба монандаи Зарафшон зиёда аз 2 км, Ванҷях 2,5 км ва Гармо 6,3 км таназул ёфтаанд. Ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад ва барои табиат хатару мушкилоти зиёд ба бор меорад.
Ба гуфтаи Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии 4 то 5 км комилан об шудаанд.
Захираҳои обии пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км3 -ро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об ҷорӣ мешавад.
Дарёҳои Ому, Ванҷ, Панҷ, Зарафшон ва дигар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд ва дар фасли баҳору тобистон дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сатҳи оби ин дарёҳо хеле баланд мебароянд.
Тоҷикистон сабти расонаҳо ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро оғоз кард
Пиряхи Ванҷях (Федченко) яке аз калонтарин пирях дар ҷаҳон маҳсуб шуда, дарозтарин пиряхи берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Масоҳати пирях тақрибан 700 км² буда, дар байни пиряхҳои Авруосиё пиряхи Ванҷях аз ҷиҳати масоҳат ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмин намудани об дар минтақаи Осиёи Миёна нақши назаррас доранд ва дар баробари ин якчанд пиряхи бузурги дунё низ барои бо об таъмин намудани сайёраи замин нақши калидӣ доранд, ки гуфтани баъзеи онҳо ба маврид мебошад.
Ба гуфтаи коршинос пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон ва нақши онҳо дар инкишофи табиати минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, барои таъмин намудани масъалаҳои обу намнокӣ ба ҳифзимуҳити зист ва бо об таъмин намудани минтақанақши назаррас доранд.