Барои сокинони зарардида дар Рашту Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ месозанд

Сокинони зиёди ин ду ноҳияи Тоҷикистон бар асари заминларзаи шадид бехонаву дар монданд. Ҳамчунин иншоотҳои зиёд низ хароб шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik.Сокинони Рашту Тоҷикобод соҳиби Маркази саломатӣ ва бунгоҳи таббӣ мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бунгоҳи тиббӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод Маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад.
Вазорат тавзеҳ дод, ки сохтмони иншоотҳои нави тиббӣ аллакай оғоз ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар Тоҷикистон заминларзаи шадид сар зад.
Маркази заминларза ноҳияи Рашт буда, шиддати ҷунбиши замин дар марказ ба 5-6 балл баробар буд.
Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод боз кумак фиристод
Бар асари ин офати табиӣ як кӯдак ҷон бохта, 16 нафари дигар бистарии беморхона шуданд.
Бояд зикр намуд, ки роҳбари давлат ду маротиба ба сокинони зарардидаи ин ду ноҳия корвони кумакҳои башардӯстона бо маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводҳои зарурӣ ирсол карда буд.
Илова бар ин, дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба мақомот ва роҳбарони ин ду ноҳия барои сари вақт бартараф кардани хисорот ва расонидани кумакҳои саривақтӣ дастуру супоришҳо дода буд. Мақомот вазифадор шуданд, ки то1 ноябр сокиноне, ки ба пуррагӣ хонаҳои худро аз даст доданд, бо манзилҳои нав таъмин шаванд.