Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе дар Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

Дар ярмарка зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат доштанд, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод гардид.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе бахшида ба 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар шаҳри Душанбе нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.
Иттилдоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар сурат гирифтааст ва дар ин нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод корхонаҳову корфармоёни дохилӣ ва хориҷи кишвар, ҷои кор пешниҳод карданд.
1 / 2
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
2 / 2
Ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар Душанбе
Холмаҳмадзода Солеҳа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, қайд кард, ки Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҷашнест, ки дар пасманзари муборакбодиҳо, ба мо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашонро бозгӯ менамояд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон дар ин ярмаркаҳо имкониятҳои омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.
Ғарб бо истифода аз масъалаи муҳоҷират мехоҳад равобити Русияву Тоҷикистонро вайрон кунад
Ба иттилои манбаъ ба ярмарка аз ҷониби зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, ва дигар ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтарро доранд, пешниҳод гардид.