Бонки миллӣ шарҳ дод, ки чаро нархҳо дар бозорҳо дар моҳи март боло рафтанд

Тибқи гузориши ахири Бонки миллии Тоҷикистон нархҳо дар бозорҳои кишвар бо сабаби зиёд шудани талабот ба молу маҳсулоти истеъмолӣ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik.Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар сохтори таваррум дар моҳи март нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1% боло рафтааст.
Ба иттилои бонки танзимгар болоравии нарх аз ҳисоби қиматшавии нархи ангур (22,3%), сабзӣ (20,4%), лиму (17,5%), қаламфури булғорӣ (17%), бодиринг (10,9%), нок (7%), себ (6,8%), тухм (6,1%), помидор (5,8%), карам (4,6%) ва сурат гирифтааст.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки дар моҳи март ба болоравии сатҳи нархҳо бештар омилҳои мавсимӣ ва зиёд шудани талабот ба молу маҳсулоти истеъмолӣ, бинобар таҷлили идҳо таъсири худро расониданд.
Дар баробари ин, коҳишёбии нархи кабудӣ 13,1%, орди навъи якум 1,8%, шакар 0,6%, гӯшти мурғ 0,3% ба назар расид.
Дар Тоҷикистон миёни бархе аз кишварҳои ИДМ камтарин таваррум ба қайд гирифта шудааст
Нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи март нисбатан болоравӣ дошта 0,1%-ро (бо саҳми ночиз) ташкил намуд, ки асосан аз ҳисоби болоравии нархи либос ва пойафзол 0,5%, омехтакунанда (атсетон) 0,3%, тахтасанги сафолӣ 0,2% ва ғайра ба амал омад.
Ин дар ҳолест, ки арзиши хизматрасониҳои пулӣ, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, дар ин моҳ 0,6% раванди афзоишёбӣ дошт.
Болоравии мазкур асосан дар натиҷаи афзоиш ёфтани нархи хизматрасонии почта 16,4%, меҳмонхонаҳо 4,7%, нақлиёт 0,7% ва иҷораи хона 0,2% ба амал омад.