Дар Тоҷикистон миёни бархе аз кишварҳои ИДМ камтарин таваррум ба қайд гирифта шудааст

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2025-ро дар мизони 5% нигоҳ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ҳудуди на бештар аз 1,3%-ро ташкил дод, омадааст дар хабари Бонки миллии Тоҷикистон.
Тавре Бонки миллӣ қайд кардааст ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 03 банди фоизӣ кам мебошад.
Бонки танзимгар мегӯяжд, ки танҳо дар моҳи марти соли равон сатҳи таваррум 0,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад.
Ҳамчунин сатҳи таварруми солона бошад, дар моҳи марти соли 2025 3,4 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,2 б.ф. кам мебошад.
Дар моҳи марти соли 2025 ба иттилои Бонки миллӣ сатҳи таварруми солона дар кишварҳои шарикони савдо ва минтақа, аз ҷумла Туркия 38,1 фоиз, Ӯзбекистон 10,3%, Қазоқистон 10%, Беларус 5,9%, Гурҷистон 3,5% ва Арманистон 3,3% ба назар расид.
Сатҳи таварруми аслӣ, ки қисман омилҳои монетариро инъикос менамояд, дар моҳи марти соли ҷорӣ -0,2%-ро ташкил намуда, бо арзёбии солона ба 1,2 фоиз баробар гардид.
БАОР пешгӯӣ дорад, ки то охири соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон суръат мегирад
Меъёри бозтамвил бе тағйир дар сатҳи 8,75% муқаррар карда шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2025-ро дар мизони 5% нигоҳ дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки барои расидан ба мақсади асосӣ-нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳои дохилӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро минбаъд низ идома медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми пасттарин —3,7% дар соли 2013 сабт гардида, беҳтарин нишондод дар замони истиқлолият маҳсуб меёбад аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.