Раиси парлумони Тоҷикистон муҳофизони тоҷики Сталинградро гиромӣ дошт

Раиси парлумони Тоҷикистон дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии "Мероси бузург – ояндаи муштарак" дар шаҳри Волгогради Русия иштирок дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон баъд аз он ки вориди шаҳри Волгоград шуд, дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуданд.
Сипас ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маҷмааи ёдгории таърихии "Қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград" хотираи нафарони дар ин ҷанг ҳалокшударо гиромӣ дошта, бо экспонатҳои музей, ки бозгуйи аҳамияти муҳорибаи Сталинград дар таърихи ҷаҳон ва қаҳрамониҳои фарзандони далери халқи тоҷик дар сафи Армияи Сурх барои озод кардани Сталинград мебошанд, шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки садҳо зодагони Тоҷикистон дар майдони муҳорибаҳо далерию шуҷоат нишон дода, шумораи зиёди онҳо дар роҳи муҳофизати Сталинград ва таъмини Ғалабаи бузург ҷони худро нисор намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки корнамоии онҳо як қисми мероси умумии таърихӣ аст, ки халқҳои Иттиҳоди Шуравиро ба ҳам мепайвандад.
Раиси Думаи давлатии Русия аз саҳми бузурги тоҷикон дар Ғалаба ёдовар шуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори бахши форум таҳти унвони "Ҳифз ва ҳимояи хотираи умумии таърихӣ", ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалии башардӯстона, ҳифзи ҳақиқат дар хусуси набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифу таърих баррасӣ шуданд, иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии "Мероси бузург – ояндаи муштарак" дар шаҳри Волгоград ба 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки дастоварди нодир ва самари дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст, бахшида шудааст.