Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
"Сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” идома дорад. Корхона бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад ва иқтидори истеҳсолии он 100 тонна оҳак дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад", - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, масъулин талош доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ҳамчуни ба иттилои манбаъ, бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳр корхонаи нави металлургӣ аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой низ корхонаи нав сохта мешавад.
Корхона бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуда, дар он коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар назар аст, ки беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Дар шаҳр сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанги ҶДММ “Оҳаки Истиқлол” низ идома дорад.
Ин корхона бо масоҳати 55 ҳазор метри мураббаъ ва 55 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.
қайд карда шудааст, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ба содирот нигаронида шуда, бозори фурӯш асосан кишварҳои ҳамсоя мебошад.