ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Бино ба тоблӯе, ки ахиран ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар Тоҷикистон насб кардаанд, тағйирёбии нарх дар ҳама намуд сӯзишворӣ дида мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тоблӯи чанде аз ширкатҳои ТСН (АЗС) дар ҳудуди вилояти Суғдро аккосӣ кардааст, ки зимнан нархи фурӯши маводи сӯхт чунин аст:
АИ 92 – 10 сомонӣ
АИ 95 – 10,4 - 10,6 сомонӣ
СД (ДТ) – 10 - 10,5 сомонӣ
Гази моеъ – 6,7 - 6,9 сомонӣ
Ҳудуди як моҳи пеш арзиши бензин то 10,5 – 11 сомонӣ ва солярка то 11,4 – 11,5 сомонӣ баробар буд. Гази моеъ ду ҳафта қабл, бо нархи 6,5 – 6,6 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт?
© Sputnik
Моликони ширкатҳои ТСН (АЗС) дар Хуҷанд мегуянд, дар муқоиса ба ду ҳафта қабл, ҳоло қимати яклухти ҳар кило гази моеъ ба 12,2 сомонӣ баланд шудааст.
“Ҳар қадаре, ки нархи яклухти мол гарон шавад, ба фурӯши чаканаи он бетаъсир намемонад”, – гуфт яке аз роҳбари ширкати ТСН дар ш. Хуҷанд.
Чанд рӯзи охир коҳишёбии арзиши доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Барои мисол ҳоло арзиши 100 доллар аз 1085 сомонии рӯзҳои пеш ба 1065 сомонӣ поён шудааст, ки ба назари коршиносон ин вазъ боиси арзоншавии нархи мол аз ҷумла маводи сӯхт дар Тоҷикистон шудааст.
Дар ин миён нархи 1 ҳазор рубли русӣ аз 128 сомонӣ ба 134 сомонӣ баланд шудааст.
Баъзе аз коршиносон болоравии қурби рубли русиро ба иқтисоди Тоҷикистон муфид арзёбӣ мекунанд.
Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.