Суғд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба маротиб афзоиш дод

Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд дар се моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар се моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,3% бештар аст.
Мақомоти вилояти Суғд қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 22,2 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 4,6 ҳазор тонна, моҳӣ 358,6 тонна, шир 81,4 ҳазор тонна, тухм 212,9 млн. дона ва пашм 217,7 тоннаро ташкил намуд.
Аз саноату кишоварзӣ то истеҳсоли дору: Суғд ҳамкориҳояшро бо Ҳинд тақвият медиҳад
Ҳукумати Суғд гуфт, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 6,4%, гӯшти чорвою паранда 17%, аз ҷумла гӯшти паранда 22%, моҳӣ 0,5%, шир 3%, тухм 36,4% ва пашм 17% таъмин шудааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба ҳолати 17 апрели соли 2025 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 209 гектар боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 773 гектар гузаронида шуда, ба масоҳати 72 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.