ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар дидор боя яке аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ гуфт, ки дар ҳудуди Тоҷикистон якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ муваффақона амалӣ карда шуданд.
Ба гуфтаи вай, дар ҷумҳурӣ таҷдиди роҳи автомобилгарди "Хуҷанд – Исфара" ва сохтмони якчанд пул дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муваффақона амалӣ карда шуданд.
“Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин пулҳо усулҳои инноватсионӣ ва маводи босифат истифода бурда, шабакаҳои габионӣ насб карда шуданд”, - қайд кард вазир.
Ҳамчунин вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони ин созмони байналмилалӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтор, татбиқи технологияи пешрафта ва ҳалли устувори нақлиётро баррасӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат гуфт, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди "Данғара – Гулистон" (49 километр) ва "Гулистон – Фархор" (29,6 километр) оғоз гардиданд.
Ҳамзамон Азим Иброҳим гуфта буд, ки имсол, тибқи 5 лоиҳаи дигар, 23 пули автомобилгард бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди "Роғун - Обигарм – Нуробод", "Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон", қитъаи роҳ аз шоҳроҳи "Душанбе – Рашт" то шаҳраки Роғун ва нақби "Истиқлол" ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои вазорати нақлиёт феълан тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 79 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.