Даромади буҷаи Бохтар афзоиш ёфт

Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон қисми даромади буҷети шаҳри Бохтар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 106 фоиз таъмин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ба буҷаи шаҳри бохтар ба ҷойи 279 миллион сомонии пешбинишуда 296,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар дар семоҳаи якуми соли 2025 хабар дода шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра дар маркази маъмурии вилоят 2207 ҷойи нави кори доимӣ ва беш аз 3000 ҷойи кории муваққатӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи кормандон дар шаҳр 2275 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 15% афзудааст.
Таъкид шудааст, ки қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.
Сафар аз Данғара ба Бохтар роҳаттар шуд: Раҳмон роҳи навро боз кард
Ҳоло дар шаҳри Бохтар 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 лоиҳа бо сармояи мустақим амалӣ мешавад.
Самтҳои асосии ин лоиҳаҳо бехатарии роҳҳо, таъмири шабакаи обу корез, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 20 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввал 330,6 млн сомон буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 миллион сомонӣ зиёд аст (афзоиш - 110,8%).
Гуфта шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат (2022–2026) дар шаҳри Бохтар 16 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта 6 корхона бо таъсиси 103 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.