Воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ёфт?

Работа грузового контейнерного терминала
Аксари маҳсулоти ба истеъмолкунандагон дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхташуда аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон дар соли 2024 беш аз 6,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 18,4% зиёд мебошад.
Дар ин бора дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.
Тоҷикистон аз ҳама бештар маҳсулоти нафтӣ (12,2% аз ҳаҷми умумии воридот), мошинҳои сабукрав (7,6%), гандум (4%), гази моеъ (3,7%), пиломатериалҳо (3%), телефонҳои мобилӣ (2,3%), шакар (1,9%), равғани растанӣ (1,4%), гил (1,3%) - ро ворид кардааст.
Дар баробари ин, Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар боқӣ мемонад - 26,9% ҳаҷми умумии он ба Федератсияи Русия рост меояд.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, бубинад, ки воридоти маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол чӣ гуна тақсим шудааст.
Воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол чӣ гуна тағйир ёфт
Воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол чӣ гуна тағйир ёфт
Ҳамин тавр, интиқоли шакар ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас 93,9% афзоиш ёфт. Соли 2023 Тоҷикистон аз Русия 44 ҳазор тон шакар харид, дар ҳоле ки соли 2024 ин нишондиҳанда ба 93,2 ҳазор тонна расид, бармеояд аз омори гумрукӣ.
Ҳаҷми воридоти яке аз маҳсулоти муҳимтарини кишвар - орди гандум низ дар як сол ба 79,2% расид. Дар баробари ин, Қазоқистон дар таъмини ин категорияи мол ба Тоҷикистон пешсаф боқӣ мемонад.
Бозорҳои нав ва брендҳои нав: тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна аст
Дар мавриди маҳсулоти нафтӣ, интиқоли онҳо 34,7% афзудааст. Дар ин ҳолат воридоти газҳои нафтӣ ва карбогидратҳои газнок 68,8% (79,8 ҳазор тонна дар соли 2023 ва 17,6 ҳазор тонна дар соли 2024) хеле коҳиш ефт.
Нишондиҳандаҳои муфассали тақсимоти воридоти молҳои Русияро ба Тоҷикистон дар тасвирбаёни мо бубинед.