ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук, лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ дар бораи бозори умумии нафту маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад, иттилоъ додааст Комиссия иқтисодии АвруОсиё.
"Ҳангоми таъсиси бозори ягонаи нафту маҳсулоти нафтӣ мо аз он бармеоем, ки нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ташаккул меёбад. Ҳоло лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ ва қоидаҳои тиҷорат дар бозори умумии ИИАО дар ҳоли таҳия қарор доранд", гуфт Оверчук зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия Русия.
Бояд қайд кард, ки таъсиси бозори ягонаи нафту маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди АвруОсиё дар шартномаи худи иттиҳод, ки 29 майи соли 2014 дар Остона ба имзо расида буд, пешбинӣ шуда буд.
Оверчук дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон афзуд, ки лоиҳаи созишнома бо кишварҳои узви ИИАО “дар сатҳи баланди мувофиқат” қарор дорад.
"Мо интизорем, ки дар ояндаи наздик дар ин ҷо ба пешравӣ ноил хоҳем шуд" гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки Қазоқистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистонро дар бар мегирад.