ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо равон карда шуд.
Корвони мошинҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣба ин минтақа фиристода шуд, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дастур додааст.
Таъкид шудааст, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат доимии президенти кишвар қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки бо супориши раисҷумҳур баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иборат мебошад.
Комиссияи мазкур оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардидаро баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.