Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифои Русия ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Сумаро шарҳ дод

Боевая работа РСЗО Град в Курской области. Иллюстративное фото
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия ба маҳалли нишасти фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар шаҳри Сума зарба заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Рӯзи якшанбе низомиёни Русия ба макони баргузории нишасти ситоди фармондеҳии гурӯҳи оперативӣ-тактикии "Северск"-и Украина дар шаҳри Сума бо мушаки Искандар зарба заданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Дирӯз, дар шаҳри Сума, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шароити муқовимати фаъоли электрониии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва системаҳои дифоъ ҳавоии сохти хориҷӣ ба маконе, ки ҷаласаи ситоди фармондеҳии гурӯҳи амалиётии Северск баргузор шуд, бо ду мушаки Искандер-М зарба заданд", - қайд кардааст вазорат.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 60 ҷангҷӯи украинӣ кушта шудаанд.
Тавре вазорати дифоъ қайд кардаст, Киев аз аҳолии худ ҳамчун сипари зинда истифода карда, дар маркази шаҳри сераҳолӣ чорабиниҳо бо иштироки низомиён баргузор мекунад.
Военнослужащие группы Аида спецназа Ахмат у подбитого бронеавтомобиля Козак ВСУ в Суджанском районе Курской области
Даҳҳо ҳазор низомиву техника: эълони талафоти артиши Украина дар самти Курск
Дар посух ба ҳамлаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба объектҳои ғайринизомӣ, нерӯҳои Русия мунтазам ба ҷойгиршавии ҳайати шахсӣ, техника ва зархаридон, инчунин ба инфрасохтори Украина: иншооти саноати дифоӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия зарба мезананд.
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл борҳо таъкид карда буд, ки низомиён ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ зарба намезананд.