ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии ширкати “Гардӣ”-ро ифтитоҳ кард.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Иншооти навбунёд бо маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи дӯзандагии Гардӣ дар як шабонарӯз имкон дорад то 13 ҳазор сару либоси гуногун истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як сол аз 1,5 то 2 млн. дона либос омода намояд.
Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 45 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст.
Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти ин корхона ҳамчунин ба хориҷ содирот хоҳад шуд.
Корхонаи нав аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Мухтошов бунёд гардидааст.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ кард.
Корхона дар масоҳати 0,30 га бунёд ёфта, аз маркази дуошёнаи фуруши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат аст.
Хабар дода шудааст, ки кор дар сехҳо тавассути технологияи муосири чинӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори коркарди тилло дар як сол 1 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо ҳамчунин коргарон маҳсулоти нуқрагӣ, аз ҷумла ҷавоҳирот, ороишоти хона ва ашёи рӯзгор истеҳсол мекунанд.
Дар коргоҳи нуқра имкон аст, дар як сол то 30 тонна маҳсулоти хом коркард шавад.
Аз 23 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағи бунёди корхона 15 ҳазору 500 сомонӣ барои сохтмони коргоҳҳо ва беш аз 8 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизоту дигар ашёи зарурӣ сарф шудааст.
Пас аз ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар ҳамин ҷо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ду корхонаи нави заргарӣ — корхонаи заргарии ширкати “Твеа Душанбе саноати кӯҳӣ” ва корхонаи заргарии ширкати ширкати “Пакрут” санги асос гузошт.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳарду корхона дар шаҳри Душанбе бо арзиши лоиҳавии 45 миллион сомонӣ дар муддати 1 сол сохта шуда, дар онҳо зиёда аз 100 сокини шаҳри Душанбе, асосан духтарону бонувон бо кор таъмин мегарданд.