Ин режими раводид нест: Шарҳи Русия аз низоми бақайдгирии муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия низоми нави бақайдгириро, ки дар Русия, ки гӯё ки шабеҳи ҷорӣ кардани низоми раводид аст, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Тағйирот дар қоидаҳои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ба чораҳои амниятӣ марбут аст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
Онҳо ба қайд гирифтани хориҷиёнро дар як низоми ягона бо истифода аз барномаи махсуси мобилӣ дар бар мегиранд.
Вай суол дар бораи он, ки оё ин тадбирҳо воқеан ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) дарбар мегирад, чунон шарҳ дод.
Душанбе ҷалби муташаккили муҳоҷиронро як василаи муассири идораи ин раванд медонад
"Ҳамаи чораҳои дар Русия дар соҳаи муҳоҷират андешидашуда ба таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва такмил ё содда кардани расмиёти дахлдор нигаронида шудаанд", - гуфт ӯ.
Озмоиш таъсиси системаи ягонаи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ бо истифода аз замимаи махсусро дар бар мегирад. Захарова пешниход кард, ки чузъиёти ин навоварӣ бо Вазорати корхои дохилӣ дақиқи кардаме шавад.
Ҳама ташаббусҳое, ки дар Русия дар соҳаи танзими муҳоҷират таҳия мешаванд, бояд барои мувофиқати онҳо ба ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвари мо, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ИИАО, мавриди таҳлили пешакӣ ва ҳамаҷониба қарор гиранд, илова намуд намояндаи ВУХ-и Русия.