Вошингтону Теҳрон рӯзи шанбе дар Уммон музокироти ғайримустақим доир мекунанд

Ироқчӣ ва Виткофф музокирачиёни аршади Теҳрон ва Вашингтон ҳастанд ва музокирот мустақиман не, балки тавассути вазири умури хориҷии Уммон оғоз мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ таъйид кард, ки музокироти ғайримустақими Теҳрон ва Вашингтон рӯзи шанбе дар Уммон баргузор мешавад.
"Эрон ва ИМА рӯзи шанбе дар Уммон барои музокироти ғайримустақими сатҳи баланд мулоқот хоҳанд кард",- навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ X.
"Ин ҳам фурсат ва ҳам озмоиш аст. Тӯб дар майдони Амрико аст", - афзуд ӯ.
Ба гузориши хабаргузории Nour News бо истинод ба манобеяш, Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи раисиҷумҳури Амрико, гуруҳҳои музокиракунандаи ду кишварро раҳбарӣ хоҳанд кард.

"Музокироти ғайримустақими Эрон ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи шанбе дар Уммон оғоз мешавад, ки дар он Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна суханронӣ мекунанд", — хабар медиҳад агентӣ.

Оҷонсӣ қайд мекунад, ки музокирот мустақиман не, балки тавассути Бадр бин Ҳамад бин Ҳамуда Ал Бусайдӣ, вазири умури хориҷии Уммон оғоз мешавад.
Қаблан хабарнигори New York Times Фарназ Фассиҳӣ дар бораи мулоқоти дарпешистода дар Уммон гузориш дода буд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе гуфт, ки Амрико ва Эрон дар мавриди масъалаи ҳастаии Эрон музокироти мустақим доранд.
Вай дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "мо бо Эрон музокироти мустақим дорем".
Эрон шартҳои аз сар гирифтани музокирот дар бораи барномаи ҳастаияшро эълон кард
Ӯ баъдтар тавзеҳ дод, ки тамосҳо рӯзи шанбе "қариб дар сатҳи олӣ" сурат хоҳанд гирифт.
"Умедворам, ки ин гуфтушунидҳо натиҷа хоҳанд дод", - афзуд ӯ.
Трамп мӯътақид аст, ки тавофуқи нав бо Эрон аз тавофуқи ҳастаии Теҳрон ва шаш миёнарави байналмилалӣ "фарқ хоҳад кард".
"Шояд созиши мо пурқувваттар бошад", - қайд кард президенти ИМА.