ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сарпарасти вазорати иқтисоди ҳукумати Толибон* Динмуҳаммад Ҳаниф, ахиран дар як барномаи телевизионӣ аз кишваре ном набурд, аммо гуфт, ки кишварҳои ҳамсоя намехоҳанд Афғонистон пешрафт кунад.
Вай гуфт, дар ҳоли ҳозири кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистони қатъ шудааст ва ҳазинаи тамоми пружеҳо аз буҷети дохилии кишвар таъмин мешавад.
“Кишварҳои ҳамсоя намехоҳанд, ки Афғонистони тараққӣ ва обод шавад. Онҳо мехоҳанд Афғонистон фақат бозори масрафӣ барояшон бошад. Аз пуқонабозӣ атфоли гирифта то дигар васоил, ҳамаро тавлид кунанд ва дар инҷо ба фурӯш бирасонанд", - афзуд Динмуҳаммад Ҳаниф.
Аз сӯйи дигар, сарпарасти вазорати шаҳрсозӣ ва маскан Ҳамидуллоҳ Нуъмонӣ низ иҷрои пружаҳои зербиноиро барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷ аз кишвар муҳим медонад.
Оқои Нуъмонӣ ҳамчунин афзуд, ки барои ободонӣ кишвар набояд мунтазири бегонагон буд.
“Ватани мо метавонад бо талоши мардуми худ сохта шавад. Дигари ҳеҷгуна имкон надорад, ки дар интизори дигарон бошем; мо чиҳил сол дар интизор монадем ванатиҷаи онро низ дидем",- гуфт ӯ.
Вай бо ишора ба фасоди густарда дар ҳукуматҳои гузаштаи Афғонистон, хотирнишон кард, ки ҳукумати Толибон* дар мубориза бо фасод бисёр ҷаддӣ амал кардааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.