ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавонад ба як платформае табдиил гардад, ки ба амиқтар кардани ҳамкориҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ кумак намояд.
Дар ин бора муовини директори департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Георгий Арзуманян изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Георгий Арзуманян бо таъкид аз нақши муҳими Осиёи Марказӣ дар равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё қайд кард, ки Қазоқистону Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва Узбекистон дар ИИАО мақоми нозирро дорад.
"Як самти муҳими рӯзномаи ҳамгироии мо дастгирии бахши воқеии иқтисод ва рушди кооператсияи саноатӣ мебошад. Комиссия занҷирҳои кооператсияро дар чунин соҳаҳо, аз қабили мошинсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти нафту газ, саноати сабук, саноати кимиё ва ғайра таъсис медиҳад", - қайд кард Арзуманян.
Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузург буда, афзоиши босуръати иқтидори саноатӣ нишон медиҳанд.
Ин аз як тараф, барои иштироки кишварҳои минтақа дар бунёди истеҳсолоти муштараки технологӣ дар чаҳорчӯби ИИАО имкониятҳои хуб фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар, ба мо имкон медиҳад, ки ба сармоягузориҳои АвруОсиё ва Аврупо ва шарикии нави технологӣ дар Осиёи Марказӣ умед бахшем.