Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд

Кишвардорони се давлат дар ҷараёни мулоқот дар вилояти Суғд зери як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов созишномаҳои таърихӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса хабар дод.
Ҳамин тавр, роҳбарон созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств
Илова бар ин, президентҳо инчунин эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадиро ба имзо расониданд.
Имзо дар вазъияти тантанавӣ ва дар фазои дӯстона сурат гирифт. Сипас раисҷумҳурони се кишвар акси муштарак гирифтанд.
Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҳамчунин "Маҷмааи дӯстӣ" - ро дар марзи кишварҳо боз карданд.
Открытие "Комплекса Дружбы" на границе Таджикистана, Узбекистана и Кыргызстана
Иншоот ҳамчун ёдгории дӯстии халқҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сохта шудааст. Маҷмаа дар марз дар минтақаи бетарафи вилоятҳои Суғд, Бодканд ва Фарғона муштарак сохта шудааст.
Раҳмону Ҷабборов созиши марзию фаъолсозии қисмати CASA - 1000-ро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд
Ёдовар мешавем, ки дар Суғд мулоқоти сеҷониба ва саммити сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар доираи он тарафҳо бояд созишномаро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади ҷумҳуриҳо имзо кунанд. Дар Хуҷанд инчунин ҷашнҳои рангоранг ба ифтихори Наврӯз баргузор мешаванд, ки дар онҳо ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо низ иштирок мекунанд.