ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба далели омодагӣ ба таҷлили густурдаи Наврӯз роҳҳо барои ҳаракати нақлиёт масдуд хоҳанд шуд.
Дар ин бора Раёсати БДА дар вилояти Суғд бо нашри як эълон хабар дод.
Ҳамин тариқ, маҳдудиятҳо аз 29-уми март шурӯъ шуда, дар Бӯстону Гулистон ва ҳамчунин дар шоҳроҳи то даромадгоҳи ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҳаракати нақлиёт қисман қатъ карда мешавад.
Рӯзи шанбе дар кӯчаҳои маркази Бӯстон то даромадгоҳи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Ғафуров, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои маркази Гулистон ва Гулистон-Дадобой Холматов ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад.

Дар робита ба сафари раисиҷумҳурони Ӯзбекистону Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба Хуҷанд муддати 4 рӯз дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид карда мешавад.
Қарор аст, ки рӯзи 31-уми март сарони кишварҳои ҳамсоя вориди Суғд шаванд.
Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз тамоми шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост кардааст, ки дар давраи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.