Раҳмон Пизишкиёнро бо Иди саиди Фитр табрик кард

Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкианом
Аз ирсоли паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои эронии худ Масъуди Пизишкиёнро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик кард.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон унвонии президенти Эрон барқияи табрикотӣ ирсол кард.
"Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба раҳбари Эрон изҳори итминон кардааст, ки равобити дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷонибаи кишварҳо дар оянда низ рушду тавсеа хоҳад ёфт", - омадааст дар хабари сафорат.
Ёдовар мешавем, қаблан раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳамдигарро бо ирсоли номаи табрикотӣ бо моҳи шарифи Рамазон табрик намуда буданд.
Пресс-конференция глав государств Таджикистана и Ирана
Паёми наврӯзии Раҳмону Пизишкиён ба мардумони Эрону Тоҷикистон
Аз ин пеш Пизишкиён бо ирсоли нома Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват намуд.
Ёдовар мешавем, Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии ду рӯза ба Тоҷикистон омада буд.
Дар ин сафар ӯ бо президент, сарвазир, Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода дидору мулоқот намуд ва ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон низ иштирок кард.
Дар поёни ин форум, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронӣ ва кулли соҳибкорону тоҷирони Эронро барои таҷлили Наврӯзи имсола ба Тоҷикистон даъват кард ва амалан дар ҷашни наврӯзӣ садҳо шаҳрвандони Эрон иштирок доштанд.