Дар Тоҷикистон таҳсил бо забони русиро дар куҷо метавон гирифт?

День открытых дверей в РТСУ
Дар Тоҷикистон кӯдакон метавонанд якбора бо чанд забон маълумоти миёнаи умумӣ гиранд, маъмултарин забонҳои хориҷӣ забони русӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимии зиёде ҳастанд, ки раванди таҳсил комилан ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Русия ба таҳсили мактаббачагон ва донишҷӯёни тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Дар боғчахо ба таълими забони русӣ шуруъ мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба парлумон дастур дод, ки барномаҳои таълимии забони русӣ дар доираи таълиму тарбияи томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон бознигарӣ карда шавад.
Дар Тоҷикистон 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо ҷараёни таҳсил комилан ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Боз 185 муассисаи таълимӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таълим медиҳанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳама донишҷӯён бояд ду давра забони русиро омӯзанд.
Инчунин, 10 донишкадаи олӣ бо тайёр кардани мутахассисони филологияи рус машғуланд.
Таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон
Таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон
Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби Русия панҷ мактаб: дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта шудааст.
Онҳо соли 2022 кушода шуда, таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
Коршинос: Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад
Танҳо дар соли 2024 аз Русия 100 омӯзгор барои таълим додани кӯдакони тоҷик омада буданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба ҳамтои худ барои муносибати некаш ба забони русӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард.