Володин раиси нави парлумони Тоҷикистонро табрик кард

Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин. Архивное фото
Раиси Думаи давлатӣ изҳори итминон кард, ки Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои байнипарлумониро боз ҳам густариш хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин Файзалӣ Идизодаро ба муносибати раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик гуфт.
Дар ин бора сомонаи Думаи давлатӣ хабар додааст.
"Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин Файзалӣ Идизодаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон табрик гуфт", — омадааст дар паёми табрикиаш.
Володин қайд кардааст, ки ҳамкориҳои созандаи байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон омили муҳими таҳкими шарикӣ ва иттифоқи стратегии ду кишвар мебошад.
Ӯ ҳамчунин ба Файзалӣ Идизода муваффақиятҳо таманно кард.
Председатель нижней палаты парламента Таджикистана Файзали Идизода
Раиси нави парлумони Файзалӣ Идизода интихоб шуд: Ӯ кист?
Ёдовар мешавем, ки дар нахустин ҷаласаи парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон дар авоили моҳи март вакили ҳавзаи интихоботии Рашт No12 Файзалӣ Идизода бо овоздиҳии пинҳонӣ раиси нави палатаи поёнии парлумон интихоб шуд.
Ӯ дар ин мақом Маҳмадтоир Зокирзода, раиси пешини парлумонро иваз кард.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 2 март баргузор шуд. Иштироки интихобкунандагон дар ин маърака рекордӣ буд ва 85,3% -ро ташкил дод.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан фармондар бораи иҷлосияи нахустини парлумони Тоҷикистонро имзо карда буд.