ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар сомоаи худ муроҷиатномаи нашр намудааст, ки дар он гуфта мешавад, тибқи моддаи 9 -и қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар идҳои Рамазон ва Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тқдими ширинӣ ва идгардак манъ аст.
Ин ниҳод аз волидон дар пойтахт хост ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт ва гум шудани кӯдакон фарзандони худро идгардак намонанд.
“Аз ин рӯ, аз падру модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) хоҳиш мешавад, ки дар рӯзҳои таътили баҳорӣ фарзандонро бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб намуда, онҳоро назорат кунанд”, - қайд кардааст Раёсати маориф.
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон, гум шудани онҳо ва бе назорат мондани фарзандон аз идгардак намудани онҳо дар Рӯзи Иди Рамазон худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, ин ниҳод гуфтааст, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон оростани дастархонҳо бо хӯроку шириниҳои зиёд, тақдими туҳфа ва дигар ҳадяҳо ба кӯдакон манъ аст.
Таъкид мешавад, ки ин маҳдудият дар моддаи 9, банди 2-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон” муқаррар шудааст.
Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон кӯдакон аз субҳ ба хонаи хешовандону ҳамсояҳо рафта, аз онҳо туҳфа мегиранд. Ин маросим “идгардак” ном дорад.
Дар Тоҷикистон идгардаки кӯдакон расман манъ аст. Дар иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ рӯзи 19 июни соли 2024 ваобаста ба ин масъала ба қонун тағйирот ворид шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон “идгардак”-ро мухолифи меъёрҳои шариатӣ ва мазҳаби ҳанафия эътироф намуда, таъкид дошт, ки дар дини ислом чунин маросим нест.