Тоҷикистону Русия боз ҳам ҳамкориҳои низомиро тақвият медиҳанд

Муовини вазири дифои ва вазири дифои Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни кишварҳо ба мувофиқа расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Муовини вазири дифои Русия Александр Фомин дар Маскав бо Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон мулоқот кард, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи нақшаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии ду кишвар дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.
"Дар мулоқоти муовини вазири дифои Русия генерал-полковник Александр Фомин ва вазири дифои Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик баррасӣ шуд",- қайд кардааст вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав баргузор шуд.
Путин: Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад
Дар вохӯрии масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.
Аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.
Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид кард, ки "масъалаҳои амниятӣ дар рӯзномаи дуҷониба ҷои махсусро ишғол мекунанд" ва омодагии худро барои баррасии "вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба, инчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ"-ро бо Путин изҳор дошт.
Соли 2012 миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ҳузури доимии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон барои таъмини амнияти минтақавӣ дар доираи масъулияти кишварҳои узви СПАД ба имзо расида буд.
Путин тоҷикистониёнро ба Наврӯзу Раҳмонро ба пирӯзии ҳизбаш дар интихобот табрик гуфт
Соли 2014 барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба тасвиб расид. Мутобиқи он Русия интиқоли аслиҳа ва техникаи низомиро ба ин кишвар таъмин мекунад. Илова бар ин, ҳамасола кадрҳои афсарӣ дар донишгоҳҳои низомии Русия такмили ихтисос мегузаранд ва чорабиниҳои муштараки омодагии амалиётиву ҷангӣ баргузор мешаванд. Моҳи апрели соли 2021 ду кишвар созишнома дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии дифоъи ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро имзо карданд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи муштараки дифоъи ҳавоии ИДМ хоҳад шуд.
Моҳи феврал сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев гуфта буд, ки ду кишвар мушкилот дар соҳаи ҳамкориҳои низомиро бомуваффақият ҳал мекунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки тақозо ба ҳамкорӣ дар ин замина бешубҳа аст ва борҳо санҷида шудааст.