Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо рӯйдоди таърихӣ табрик гуфт

Аз кушода шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо шаҳрвандони ин ду давлат хушҳолӣ карданд, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ аз ин кор истиқбол карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзи давлатӣ аз ҷониби руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон самимона истиқбол мекунад.
Дар ин бора дар изҳороти Антониу Гутерриш дабири куллли созмони мазкур гуфта шудааст.
Дабири кулл ду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт.
Гутерриш ба раҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон, азму иродаи сиёсии онҳо барои бомуваффақият анҷом додани раванди музокироти дарозмуддат баҳои баланд дод.
Ӯ ба ҳамкориҳои созандаи устувори ду кишвар барои таҳкими эътимоди мутақобила, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва дар маҷмӯъ минтақа изҳори умедворӣ кард.
Аҳмадзода: Муносибатҳои иқтисодӣ бо Қирғизистон тақвият хоҳанд ёфт
Ёдовар мешавем, ки президентҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷабборов созишнома дар бораи марзи давлатии байни ду кишварро имзо карданд.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳи Қайроғоч дар вилояти Лейлек ва гузаргоҳи Қизил-Бел дар вилояти Бодканд дубора ба фаъолият шурӯъ карданд.
Гузаргоҳҳо бо иҷозаи сарони давлатҳо ба фаъолият шурӯъ карданд.
Зимнан, аз 14 март парвозҳо дар масири Душанбе-Бишкек аз сар гирифта шуд ва субҳи 14 март ширкати ватании "Сомон Эйр" як ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО -ро аз Душанбе ба Бишкек бурд.
"Сомон Эйр" нахустин парвоз аз Душанбе ба Бишкек анҷом дод - видео
Ин ширкат хабар дод, ки сар аз 23 март ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар ин масир парвоз анҷом дода мешавад.