ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақомоти Чин аз созишномаи таърихии сарҳадӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон имзо кардаанд, пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин зимни брифинг изҳор дошт.
"Чин Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои созишномаи байналмилалӣ табрик мекунад. <…> Ин ба сулҳ, субот, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа мусоидат мекунад", - гуфт ӯ.
Мао Нин таъкид кард, ки Пекин нақши калидии Раҳмон ва Ҷабборовро дар ҳалли баҳсҳо тавассути машваратҳои осоишта баҳои баланд медиҳад.
Вай қайд кард, ки Чин нисбат ба ин ҷумҳуриҳо сиёсати дӯстона пеш мебарад ва бо онҳо муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ барқарор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март баъди тақрибан 23 соли музокироти кишварҳо дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров дар Бишкек созишномаи марзи давлатиро имзо карданд.
Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ бо истифодаи аз силоҳи оташфишон шудааст. Охирин муноқишаи марзӣ тирамоҳи соли 2022 рух дод.