ДУШАНБЕ,12 мар – Sputnik. Қарор аст пагоҳ гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон расман кушода шаванд.
Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло раисони навоҳии наздимарзии Суғду Ботканд дар марз ҷамъ омада барои боз намудани марзҳо омодагӣ мебинанд.
"Дар назар аст, ки пагоҳ 13 март гузаргоҳҳои наздимарзӣ аз ду ҷониб бо ҳузури масъулони баландмақоми давлатӣ ва мақомоти сарҳадбонии ду кишвар расман ифтитоҳ карда шаванд”, - гуфт манбаъ.
Ин иттилоъро дар ҳукумати шаҳри Исфара ҳам ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2021 марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ баста аст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Бодканд мавҷуд аст.
Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон як моҳ қабл санади муайянкунии марзи давлатиро ба анҷом расониданд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки “мо мубодилаи одилона анҷом додем”.
Кушодашавии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон роҳи муҳими рушду густариш додани тиҷорат миёни ин ду кишвари ҳамҷавор ба ҳисоб меравад.