ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин сафари давлатии президент ба Қирғизистон мебошад.
Манбаъ афзуд, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлатро сарвазир ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Зимнан, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро як ҳайати калони расмӣ иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ду рӯз: 12 ва 13 март идома мекунад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар, раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек созишномаи марзиро имзо мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон.