Беш аз 50% корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" анҷом ёфт

Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки тайи ду соли охир барои корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" аз ҳисоби буҷаи давлат зиёда аз 9 млрд сомонӣ масраф гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон ва ҳамзамон раисис Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун" дар ҷаласаи ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун" дар бораи ҷараёни корҳои сохтмонии дар нерӯгоҳи мазкур гузориш дод.
Расулзода иброз намуд, ки имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" бо суръати баланд идома дошта, беш аз 50% корҳои сохтмонӣ аллакай анҷом ёфӣтаанд.
Тоҷикистон аз бонки хориҷӣ хост, $500 млн ваъдашуда барои “Роғун”-ро зудтар диҳанд
Ба иттилои ӯ, дар ду соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои бунёди нерӯгоҳ зиёда аз 9 млрд сомонӣ масраф шудааст.
"Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд", - таъкид намуд сарвазир.
Дар идома ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмони байналмилалӣ ба имзо расонида шуда, дар ин самт бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок идома дорад.
Котиботи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии Роғун"қайд намуд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар маҷлиси умумии ғайринавбатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.