ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран дар вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ҷи Шумин масъалаи кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
“Мақсади асосии вохӯрии мазкур ин зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар ва боз ҳам рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ арзёбӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кардааст, ки сафири Чин зимни мулоқот қайд намуданд, ки кишвараш ба нақша гирифтааст, ки ҷиҳати рушди сайёҳии ду кишвар парвозҳои мустақимро аз дигар фурудгоҳҳои кишвар низ ба роҳ монанд.
Агентӣ қайд кардааст, ки масъалаи рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар, яке аз нақшаҳои асосии роҳбарияти ин Агентӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.
Аммо сар аз моҳи июни соли 2022 парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора аз сар гирифта шуд.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар самти Душанбе - Урумчӣ - Душанбе ба роҳ монда шудаанд.