ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, бо интиқод аз афкори ифротӣ ва занситезии гурӯҳҳои тундрав, онро "бемории сорӣ" хонд, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад.
Оқои Ағбар, ки ба намояндагӣ аз низоми ҷумҳурияти Афғонистон дар Тоҷикистон ҳузур дорад, дар нишасте ба муносибат "8 март, рӯзи ҷаҳонии занон", зимни ҳушдор дар бораи пайомадҳои ифротгароӣ, гуфт "афкори ифротии мухаррибтар аз бомби атомӣ аст".
Ӯ дар изҳороти худ аз ҳокимияти Толибон* бар Афғонистон интиқод кард ва гуфт: "намедонам ин гурӯҳҳои ифротӣ аз кадом сайёра омадаанд".
"Бояд ин гурӯҳҳои занситезро ҷоҳилони сайёраи ҷадид номгузорӣ кунем", - ҳамчунин таъкид кард вай.
Ағбар дар идомаи суханонаш ба ихтилофоти дохилии Толибон* низ ишора карду афзуд, касоне ки дирӯз дар канори Ҳибатуллоҳ, раҳбари Толибон*, истода буданд, имрӯз ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи алайҳи занон, ба вижаи мамнуъияти омӯзиши духтарон, аз ӯ фосила гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳокимияти Толибон* бар Афғонистон на танҳо боиси буҳрони дохилӣ шуда, балки нигарониҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро низ ташдид кардааст.
Изҳороти сафири Афғонистон дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто дар миёни мухолифони Толибон*, бим аз пайомадҳои густариши афкори ифротӣ ва асароти он бар суботи минтақа афзоиш ёфтааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.